"Юриш ба Сион - трейлер филм ба забони тоҷикӣ"

Video

Беш аз 4000 сол муқаддам Худо дар Месопатамия ба Иброҳим зоҳир шўд ва ба ў чунин гуфт: “Ту ватани худро, хешу табор ва хонаи падари хишро тарк намо ва ба ҷое бирав, ки Ман ба ту нишон медиҳам. Ва ман аз ту мардуми бузургро ба вуҷуд меоварам.” Иброҳим ба Худо итоат намуд ва бо писараш Исҳоқ ва набераяш Ёқуб ба замини Канъон бирафт, ки бо номи “Исроил” ёд мешуд.

Аз иллати хушксолӣ Исроил бо 12 писарҳояш ба Миср омад ва дар онҷо мисли халқи боқудрат афзоиш ёфт. Мисриён аз мардуми боқудрати Исроил, ки дар байни онҳо зиндагӣ мекарданд, эҳсоси тарс доштанд. Аз ин сабаб онҳоро ғуломӣ намуданд ва зиндагонияшонро бо ғуломии бешафқату ва асорат сангин сохт. Паз аз 430 сол онҳо дар Миср аз тарафи Мусо аз ғуломӣ озод шуданд. Сипас онҳо ба Баҳри Сурҳ кӯч шуданд ва ба Арабистон рафтанд. Дар онҷо, дар кӯҳи Синай онҳо қонуни Худоро қабул карданд.

Аз иллати кам будани имонашон ба Худо авлоди Исроилиёни, ки бо Мусо Мисрро тарк карда буданд, имкон надоштанд, ки ба замини ваъда дода шуда ворид шаванд. Онҳо дар муддати 40 сол, ки насли ҷадидашон ба воя мерасаду ба Парвардигор имон оваранд, маҷбур карда шуданд, ки дар саҳро сарсону саргардон шаванд. Сипас онҳо бо ҳамроҳи Ёшуа ба замини ваъда дода шуда ворид шаванд.

Дар мобайни 400 сол 12 табори Исроил, мувофиқи шариати Мусо аз ҷониби Қозиҳо идора шуда буд. Ҳангоми, ки онҳо, мисли ҳамаи халқҳои дигар хеле мехостанд соҳиби подшоҳи худ шаванд, Худо Шоулро, ки болои онҳо дар мобайни 40 сол ҳукмравони мекард, ӯро ба симмати подшоҳи онҳо таъин кард. Пас аз он, подшоҳи Довуд, ки 40 сол, ҳукмравони мекард, ба тахт нишаст, ва баъдан писари Довуд, Сулаймон, ки дар муддати 40 сол ҳукмравони мекард, ба тахт омад.

Дар даврони салтанати Сулаймон, подшоҳии Исроил болои шуҳрат буд ва маъбади аввал сохта шуда буд. Вале дар куҳансолиаш қалби Сулаймон аз итоати Худованд рӯйгардон шуд, ва аз ин рӯ, Парвардигор ба ӯ гуфт, ки 10 қабилаҳо аз тарафи писарони вай идора карда намешавад.

Баъд аз марги Сулаймон, подшоҳии Исроил тақсим шуд ва 10 қабилаҳои шимолӣ аз ҷониби як қатор подшоҳони шарир, ки ба насли Довуд ва Сулаймон иртибот надошт, идора мешуд. Ин Салтанати шимолӣ ба номи Исроил ёд мешуд, ва дар ниҳоят Сомария пойтахти Исроил шуд. Аз он хурдтар, Салтанати Ҷанубӣ ба симмати Яҳудо маъруф шуд, ва Ерусалим ба пойтахти он подшоҳӣ мубадал гардид, ва он аз тарафи насли Довуд ҳукмронӣ карда шуд. 4 Подшоҳон аз фасли 16 афроди подшоҳии ҷанубии бо номи Салтанати Яҳудо - «яҳудиён» шинохта шуд.

Ба иллати шарорати Салтанат шимолии Исроил онҳо аз тарафи Ашшуриён сарнагун шуданд ва ба асирӣ бурда шуданд. Қисми боқимондаи Исроилиён бо халқҳои бутпараст, ки ба ин замин дохил шуданд ва онро забт карданд, махлут шуд. Ин афрод чун сомариён шинохта шуданд, ва аз 10 сибти дигари Исроили Шимолӣ ҳеҷ мардуме ба вуҷуд наомад.

Подшоҳи Ҷанубии Яҳудо барои хизмат намудан ба худоёни дигар ҳамчун ҷазо дар ниҳоят дар Бобил ба асорат гирифта шуд, ва маъбад валонгар гардид. Вале баъд аз 70 сол яҳудиён ба Яҳудо баргаштанд ва дар Ерусалим маъбадро аз нав сохтанд, ва он аз тарафи подшоҳони, ки аз насли Довуд буданд, ҳукмронӣ мешуд.

Дар замони Масеҳ, подшоҳии Яҳудо, ҳамчун Яҳудия шинохта шуд ва дар тахти таъсири Рум буд. Исои Масеҳ ва шогирдонаш дар ҷустуҷӯи гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил, дар тамоми Яҳудия хушхабарро эълон карданд. Пас аз сею ним сол аз хизмати Инҷил яҳудиён Исои (Масеҳ)ро хамчун Начоткори худ (Масеҳ) рад гуфтанд, ва ҳокимони Румро водор сохтанд, ки вайро маслуб кунанд. Ӯ пас аз се рӯз аз мурдагон зинда шудааст ва пеш аз он, ки ба дасти рости Падар дар осмон сууд кунад, ба шогирдонаш худро зинда нишон дод.

Каме пеш аз маслубшавии худ Исо пешгӯӣ кард, ки аз хотири рад кардан аз Вай Ерусалим ҳамчун ҷазо оташ гирифта мешавад, маъбади [Ерусалим] валангор мешавад, ва яҳудиён аз тарафи ҳамаи халқҳо ба асирӣ бурда мешаванд. Ин пешбинӣ дар оянда дар соли 70-уми милодӣ аз тарафи императори Рум Титус дар вақти ишғол шудани Ерусалим иҷро шуд. Дар муддати беш аз 1800 сол, яҳудиён дар саросари ҷаҳон пароканда зиндагонӣ мекарданд. Сипас, дар соли 1948 як ҳодисаи ғайриоддӣ рӯй дод. Давлати Исроил таъсис дода шуд ва яҳудиён бори дигар Замини ваъдашударо ба даст оварданд. Бисёри аз масеҳиён эълон карданд, ки он чиз ба унвони як мӯъҷиза ва баракат ва раҳмат аз ҷониби Худо дода шудааст. Вале он дар ҳақиқат аз раҳмати Худованд буд, ва ё амали нерӯҳои сиёҳ? Филми мазкур баёнгари он посух аст.

 

 

 

mouseover